Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 90 дарсади фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия роҳ наёфтаанд


Як мактаб дар Русия
Як мактаб дар Русия

Дар Русия пас аз қабули қонуни нав танҳо чор дар сади кӯдакони муҳоҷирон, ки барои таҳсил дар мактабҳо ариза дода буданд, иҷозаи таҳсил дарёфт кардаанд.

Моҳи апрели имсол дар Русия қонуне қабул шуд, ки фарзандони муҳоҷирон барои таҳсил дар мактаб аз забони русӣ имтиҳон бояд супоранд.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, ки рӯзи 9-уми июн дар Телеграм-каналаш дар ин бора навишт, гуфтааст, дар умум барои ширкат дар санҷиши забони русӣ 2668 ариза ворид шуд ва аз миёни онҳо танҳо 17% ё 498 нафар барои супурдани имтиҳони забони русӣ роҳ дода шуданд. "Аз ин миён танҳо 4 дарсадашон ба мактабҳо қабул шудаанд,"-гуфт Володин.

Думаи давлатии Русия дар як соли охир даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷирони корӣ дар ин кишварро қабул кард ва дар паи худи муҳоҷирон, ҳамакнун як қатор чораҳои маҳдудкунанда нисбат ба ҳузури фарзандони онҳо дар Русия ҳам ҷорӣ мешаванд. Володин гуфт, Думаи давлатии Русия ҳафтаи ҷорӣ тарҳи қонун дар бори табодули маълумот дар бораи фарзандони муҳоҷиронро миёни ВКД Русия ва идораҳои маорифи кишвар баррасӣ мекунад. Володин гуфт, ки тарҳи нави қонун барои такмили сиёсати муҳоҷирати Русия равона шуда мақсадаш ин аст, ки идораҳои маорифи минтақавӣ ҳама маълумотро дар бораи фарзандони муҳоҷирон дар ихтиёри сохторҳои вазорати корҳои дохилӣ гузоранд. Ин маълумоти хусусии кӯдак ва волидони ӯ, натиҷаҳои имтиҳонҳо, маълумот дар бораи қабул ба муассисаи таълимӣ, тарки мактаб кардани кӯдак ва инчунин дар бораи муроҷиати афроди мавриди назорат ба муассисаҳои таълимӣ мебошад. Маълумот дар бораи дар қайди идораи муҳоҷират будани фарзанди оилаи хориҷӣ ҳам як талаботи дигари ин қонун хоҳад буд. Як бахши вижааш ин мешавад, ки оё кӯдак имтиҳони забони русиро супурдааст ё на.

“Назорат аз болои муҳоҷирон бояд шаффоф ва муассир бошад”, навиштааст Володин дар Телеграм канали худ.

Бар асоси ҳисобҳои гуногун, ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Пештар муҳоҷирон шикоят карда буданд, ки таҳсили фарзандонашон дар мактабҳои Русия мушкил шудааст ва онҳоро ба осонӣ ба мактаб қабул намекунанд.

XS
SM
MD
LG