Пайвандҳои дастрасӣ

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо


Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ
Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои президенти Кумитаи миллии олимпии Арманистон Гагик Сарукян, ки рӯзҳои 7-8-уми июн дар шаҳри Ереван доир гардид, ду медал (як тилло ва як нуқра) ба даст оварданд.

Паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Ҳалимов дар самбои размӣ байни мардон дар вазни 64 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Беҳрӯз дар даври ниҳоӣ бар Санҷарбек Авазбердиеви туркман дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 3000 доллари ИМА сарфароз гашт.

Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар самбои варзишӣ байни мардон дар вазни 98 кило ба финал роҳ ёфт. Аммо вай дар даври ниҳоӣ аз Максим Мерзлякови русиягӣ, ки дар ҳайати дастаи FIAS-1 (Федератсияи байналмилалии самбо) ҳунарнамоӣ кард, мағлуб шуд. Ба Комроншоҳ медали нуқра ва 2000 доллари ИМА тақдим гардид.

Комроншоҳи Устопириён моҳи октябри соли 2024 эълон кард, ки ба корномаи варзишиаш хотима медиҳад ва минбаъд ҳамчун мураббии ҷудо кор мекунад. Вале баъди ин Комроншоҳ дар чанд мусобиқа ширкат варзид.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Ереван зӯртарин варзишгарон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок доштанд. Мусобиқот миёни мардону занон дар риштаҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ аз рӯи 28 дараҷаи вазнҳо сурат гирифт.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 196 000 доллари ИМА-ро ташкил медод. Барои медали тилло дар ҳар як вазн 3000 USD, барои нишони нуқра 2000 USD ва барои нишони биринҷӣ 1000 USD супурда шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот:

Самбои варзишӣ

Мардон

58 кг

1. Саргсян Карен (Арманистон)

2. Байрамов Бобомурод (Туркманистон)

3. Чидрашвили Вахтанги (Гурҷистон)

3. Купатадзе Иракли (Гурҷистон)

64 кг

1. Рашидов Аъзам (Узбекистон)

2. Бейсенбоев Жандос (Қазоқистон)

3. Давлатов Сафар (Туркманистон)

3. Пастернак Денис (FIAS-1)

71 кг

1. Наш Расул (FIAS-1)

2. Корнеев Андрей (FIAS-1)

3. Мукбаниани Авто (Гурҷистон)

3. Труш Роман (Украина)

79 кг

1. Затилкин Иля (FIAS-1)

2. Пахомов Иван (FIAS-1)

3. Шатверян Борис (Арманистон)

3. Харков Иван (Булғористон)

88 кг

1. Аратюнян Гор (Арманистон)

2. Суханов Денис (FIAS-1)

3. Дзаганишвили Бека (Гурҷистон)

3. Қурбонов Аслон (FIAS-1)

98 кг

1. Мерзляков Максим (FIAS-1)

2. Устопириён Комроншоҳ (Тоҷикистон)

3. Сидамонидзе Ника (Гурҷистон)

3. Нозадзе Мишико (Гурҷистон)

+98 кг

1. Брачев Антон (FIAS-1)

2. Познахирко Глеб (FIAS-1)

3. Моисеев Алексей (Украина)

3. Жупиков Иля (FIAS-2)


Самбои размӣ

Мардон

58 кг

1. Гантумур Байяндуурен (Муғулистон)

2. Айдогдуев Алухан (Туркманистон)

3. Алиев Мирас (Қазоқистон)

3. Алдешов Ассет (Қазоқистон)

64 кг

1. Ҳалимов Беҳрӯз (Тоҷикистон)

2. Авазбердиев Санҷарбек (Туркманистон)

3. Бараканов Саиак (Қирғизистон)

3. Нерсесян Маис (Арманистон)

71 кг

1. Зайнутдинов Ренас (FIAS-1)

2. Таов Адам (FIAS-1)

3. Арслонов Исо (Туркманистон)

3. Мерҷанян Мгер (Арманистон)

79 кг

1. Абнарян Ованес (FIAS-1)

2. Ивоняк Васил (Украина)

3. Замирбек Уулу Қурманбек (Қирғизистон)

3. Тсиквадзе Лука (Гурҷистон)

88 кг

1. Давиденко Петро (Украина)

2. Погосян Аветик (Арманистон)

3. Родин Николай (FIAS-1)

3. Болотских Евгений (FIAS-1)

98 кг

1. Тадин Артём (FIAS-1)

2. Аванесян Арман (Арманистон)

3. Наимируҳонӣ Алиризо (Эрон)

3. Макаров Евгений (Украина)

+98 кг

1. Жиентаев Талгат (Қазоқистон)

2. Нуралиев Таласбек (Қирғизистон)

3. Хархачаев Гасан (FIAS-1)

3. Хуршудян Норик (Арманистон)


XS
SM
MD
LG