Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона аз тими наврасони то 15-солаи Русия бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Ин бозӣ дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 шоми 6-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид.
Голи ягонаро Арсений Гуревич, бозигари меҳмонон, дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 55-ум, ба самар расонд.
Ёдовар мешавем, бозии аввали дӯстонаи футболбозони навраси Тоҷикистону Русия 3-юми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфта буд.
Бозиҳои дӯстона
Тоҷикистон (U-16) - Русия (U-15) – 1:1
Голҳо: Сиёвуш Назаров, 24 (1:0). Арсений Гуревич, 54 (1:1).
Аз майдон хориҷ шуд: Артур Мудранов (Русия), 75.
3-юми июн. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.
Тоҷикистон (U-16) - Русия (U-15) – 0:1
Гол: Арсений Гуревич, 55.
Аз майдон хориҷ шуд: Абубакр Раҳмонқулов (Тоҷикистон), 90+3.
6-уми июн. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2025 дар шаҳри Тошканд ғолиб шуд.
Футболбозони навраси тоҷик зери раҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии ниҳоӣ бар тими мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 4:3 ғолиб омада, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ бо иштироки шаш дастаи мунтахаби наврасони минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – аз 24-ум то 31-уми май дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд доир гардид.