Пайвандҳои дастрасӣ

Португалия бори дуюм ғолиби Лигаи миллатҳои УЕФА шуд


Дастаи мунтахаби Португалия, ки дар финали Лигаи миллатҳои УЕФА (Созмони футболи Аврупо) тими миллии Испанияро аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:3 шикаст дод, ғолиби ин мусобиқот гардид.

Дастаи мунтахаби Португалия, ки дар финали Лигаи миллатҳои УЕФА (Созмони футболи Аврупо) тими миллии Испанияро аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:3 шикаст дод, ғолиби ин мусобиқот гардид.

Бозии ниҳоӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи "Алянс Арена"-и шаҳри Мюнхени Олмон доир шуд. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Голҳои испаниҳоро Мартин Субименди ва Микел Оярсабал заданд. Голҳои португалиҳоро Нуну Мендеш ва Криштиану Роналду ба самар расонданд.

Замони изофа (овертайм) низ ғолибро муайян накард. Дастаҳо натавонистанд дар ду қисми 15-дақиқаӣ гол зананд. Бинбар ин, силсилаи пеналти таъин шуд. Дар задани силсилазарбаҳои 11-метрӣ португалиҳо бо ҳисоби 5:3 ғолиб омаданд. Зарбаи ҳалкунандаро Рубен Невеш ба нишон расонд.

Ба ин тартиб, тими миллии Португалия ғолиби Лигаи миллатҳои УЕФА шуд. Португалиҳо бори дуюм дар ин мусобиқот пирӯз гаштанд.

Пеш аз бозии ниҳоӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи «МХП-Арена»-и шаҳри Штутгарт бозӣ барои ҷойи сеюм байни тимҳои миллии Олмон ва Фаронса доир гардид.

Фаронсавиҳо, ки ба дарвозаи олмониҳо ду голи беҷавоб заданд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Голҳоро Килиан Мбаппе ва Майкл Олисе заданд.

Лигаи миллатҳои УЕФА-2024/2025

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Олмон – Фаронса – 0:2

Голҳо: Килиан Мбаппе, 45, Майкл Олисе, 84.

8-уми июн. Штутгарт. Варзишгоҳи «МХП-Арена»

Финал

Португалия – Испания – 2:2 (1:2, 2:2). Силсилаи пеналти - 5:3

Голҳо: Мартин Субименди, 21 (0:1). Нуну Мендеш, 26 (1:1). Микел Оярсабал, 45 (1:2). Криштиану Роналду, 61 (2:2).

Сардовар - Сандро Шерер (Швейтсария).

8-уми июн. Мюнхен. Варзишгоҳи «Алянс Арена»

XS
SM
MD
LG