Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футболи Тоҷикистон бо Камбоҷа бозӣ мекунад


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, рӯзи панҷшанбеи 5-уми июн бо тими миллии Камбоҷа бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ин вохӯрӣ, ки марҳилаи омодагӣ ба бозӣ муқобили тими миллии Филиппин дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 мебошад, дар Варзишгоҳи миллии олимпии пойтахти Камбоҷа - шаҳри Пномпен - соати 19 бо вақти маҳаллӣ (соати 17 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби кишвар дар Пномпен барои бозиҳо бо тимҳои миллии Камбоҷа ва Филиппин омодагӣ мебинад.

Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 24 бозигар шомиланд, ки 14 нафарашон легинер буда, дар бошгоҳҳои футболи Русия, Узбекистон, Эрон, Озарбойҷон, Беларус, Булғористон ва Гурҷистон бозӣ мекунанд.

Дарвозабони бошгоҳи «Ростов»-и Русия Рустам Ятимов, ки дар Суперфинали Ҷоми Русия муқобили ССКА-и Маскав бозӣ карда буд, шоми сеюми июн ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон пайваст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳо бо тимҳои миллии Камбоҷа (5-уми июн) ва Филиппин (10-уми июн):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Уфа», Русия), Сафармад Ғаффоров («Барқчӣ», Ҳисор);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷурабоев («Суғдиён», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Динамо», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол», Душанбе), Мусо Қаҳҳоров («Барқчӣ», Ҳисор);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Суғдиён», Узбекистон), Ҳамадонӣ Камолов («Гулгуҳар», Эрон), Фатҳулло Олимзода («Арсенал», Беларус), Алиҷони Буризод («Самгурали», Гурҷистон), Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол», Душанбе), Азизбек Ҳаитов («Равшан», Кӯлоб), Шуҳрат Элмуродов («Хуҷанд», Хуҷанд);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Узбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Кяпаз», Озарбойҷон), Далер Шарипов («Шуртан», Узбекистон), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш», Бохтар), Шериддин Бобоев («Равшан», Кӯлоб).

Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон/Белгия).

Пас аз анҷоми бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Камбоҷа тими миллии Тоҷикистон ба Филиппин сафар мекунад. Бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин 10-уми июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити»-и шаҳри Капас соати 16 бо вақти маҳаллӣ (соати 14 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври якуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

XS
SM
MD
LG