Ҳарду фарзандони раҳбарони аввали Тоҷикистону Узбекистон моҳи гузашта дар Маскав буданд ва доир ба тақвияти ҳамкориҳо гуфтугӯ доштанд.
Русия муддатҳост, ки Осиёи Марказиро ҳавзаи нуфузи худ медонад. Агарчӣ Иттиҳоди Аврупо ва Чин талоши зиёде барои тавсеаи ҷойгоҳ дар минтақа кардаанд, вале кишварҳои Осиёи Марказӣ Русияро ҳамчунон як бозигари бузург дар иқтисоди худ мешуморанд ва ризоияти Маскав дар таъйини раҳбари нав барояшон фавқуллода муҳим аст. Як устоди донишгоҳ дар Душанбе бо шарти зикр накардани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт: “Маскав ба раҳбарони худкомаи Осиёи Марказӣ паём мефиристад, ки ба ҷойи баргузор кардани интихоботи демократӣ, қарори онҳоро дар мавриди тарбияти фарзандон, ё дастнишондаҳои барои раёсати ҷумҳурӣ дастгирӣ мекунад. Владимир Путин чанде пеш бо Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард, ки ӯро вориси асосии падараш медонанд. Брюс Паннир, таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Пуштибонии Маскав ҳатто қабл аз интиқоли қудрат ҳам ҳаётист. Русия аз замони ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад. Бузургтарин шарики тиҷоратии кишвар низ ҳаст. Аз ин ҷиҳат дастгирии Кремл ҳам дар ҷараёни интиқоли қудрат ва ҳам пойдории он дар оянда муҳим аст.”
Видеоро инҷо бинед:
Чанде пеш Саида Мирзиёева, духтари калонии раиси ҷумҳури Узбекистон бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия мулоқот кард. Мирзиёеваи 40-сола дастёри аввали президент ва дуввумин мақом дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Узбекистон аст. Таъйини Рустами Эмомалӣ ва Саида Мирзиёева дар мақомҳои ҳукуматӣ ва босуръат боло рафтани онҳо дар зинаҳои ҳукумат, гумонзаниҳоро ба вуҷуд овард, ки падарони онҳо роҳро барои ворисони худ ҳамвор мекунанд. Мулоқотҳо дар Русия ҳам ба ин гумонзаниҳо афзудааст.
Коршиносоне, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат карданд, гуфтанд, ки агар раҳбарони Осиёи Марказӣ дар пайи интиқоли қудрат ба ворисони худ ва ҷӯёи дастгирии Маскав бошанд, Русия ҳам дар пайи ҳифзи нуфузи худ дар миёни ворисон аст. Мулоқотҳо дар замоне сурат гирифт, ки Иттиҳоди Аврупо дар як нишасте ваъда дод, дар Осиёи Марказӣ, ки сарватҳои зеризаминии зиёд дорад, миллиардҳо доллар сармоягузорӣ мекунад. Узбекистон моҳи апрел нахустин нишасти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро дар шаҳри Самарқанд мизбонӣ кард ва дар он Урсула вон дер Лейен, раиси Кумиссиёни Аврупо ва Антонио Коста, президенти Шӯрои Аврупо ширкат доштанд.
Дар нишаст ваъда доданд, ки бар асоси як барномаи бузург Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ 12 миллиард евро сармоя мегузоранд. Ин маблағ бар иловаи 10 миллиард евро аст, ки Иттиҳоди Аврупо соли 2024 барои тақвияти роҳҳои иртиботӣ ва боркашӣ дар минтақа ваъда дод.
Урсула вон дер Лейен нишасти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро “ҳамкориҳои стратегӣ” номид, ки ин ба Русия чандон хуш намеояд, чун таърихан дар ин кишварҳои собиқи шӯравӣ нуфузи зиёд дорад. Айни замон Чин аз назари сармоягузорӣ ва тиҷорат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия ҳам пеш гузаштааст, чун кишварҳои минтақа мехоҳанд, ҳамкориҳои худро гуногунҷабҳа сохта, пойбандиашонро ба Маскав кам кунанд. Бо вуҷуди ваъдаи миллиардҳо доллар сармоягузории Иттиҳоди Аврупо ва Чин ба бовари бисёре аз коршиносон дар Осиёи Марказӣ, Русия барои нигаҳ доштани кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мадори худ, бахусус кишварҳои камбизоаттари он Тоҷикистону Қирғизистон “кортҳои аслӣ”-ро дорад. Русия мизбони аслии миллионҳо муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ аст, ки бо интиқоли пули зиёд хонаводаҳои худро таъмин мекунанд. Азбаски бекорӣ даҳсолаҳост дар минтақа зиёд аст, мардум ночор барои кору музди беҳтар ба Русия мераванд. Устоди донишгоҳи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт: “Азбаски Аврупо ва Амрико муҳоҷиратро маҳдуд мекунанд, Русия макони даромади миллионҳо тоҷике боқӣ мемонад. Агар Русия дарҳояшро ба рӯи муҳоҷирон бандад, метавонад, сабаби нооромиҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон шавад ва Маскав инро медонад.”
Гуфтугӯ