Рӯзи 11-уми апрел дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи даъвати нави Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон баргузор мешавад. Қарор аст дар ин маҷлис раиси палатаи болоии порлумон ва муовинони ӯ интихоб шаванд.
Маҷлиси миллӣ 33 узв дорад, ки 25 нафари он аз ҳисоби панҷ минтақаи кишвар ва 8 каси дигар аз сӯи президент таъйин мешаванд.
Аксар курсиҳои Маҷлиси миллӣ дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқии демократӣ аст. Аз соли 2020 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент раиси Маҷлиси миллӣ аст ва эҳтимол меравад, ки ӯ дубора ба ин симмат интихоб шавад.
Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон раиси Маҷлиси миллӣ шахси дуввуми Тоҷикистон аст ва дар сурати истеъфо ё вафоти раиси ҷумҳур ваколатҳои ӯ то интихобот ба уҳдаи роҳбари палатаи болоии порлумон мегузарад. Мунтақидон мегӯянд, Маҷлиси миллӣ тақрибан ҳама пешниҳодҳои ҳукуматро бидуни баҳсҳои сахт қабул мекунад.