Дар ИМА як корманди ғайринизомии идораи истихбороти ҳарбӣ ҳангоми талоши ба дасти намояндаи давлати хориҷӣ додани маълумоти махфӣ боздошт шуд. Ин шахс давоми се рӯз аз ҷои кораш маълумоти комилан махфиро дуздида онро ба дасти як маъмури Бюрои федеролии тафтишоти ИМА, ки худро гӯё намояндаи истихбороти давлати хориҷӣ муаррифӣ кардааст, вогузор мекард.
Дар иттилоияи вазорати адлияи ИМА омадааст, Нэйтан Вилас Латчи 28-сола дар идораи истихборот аз соли 2019 ҳамчун як мутахассиси фанноварҳои компютерӣ кор мекард ва ба санадҳои комилан махфӣ дастрасӣ дошт. Моҳи марти соли 2025 ФБР иттилое дастрас кард, ки яке аз кормандони ин идора мехоҳад маълумотеро ба намояндаи «як давлати дӯст» бидиҳад.
Дар як номаи беимзо гумонбар гуфтааст, ки «бо арзишҳои Кохи Сафед розӣ нест ва онҳоро намеписандад», аз ин рӯ «омода аст маълумоти махфӣ»-ро берун барорад. Дар ихтиёри ӯ аз ҷумла, гузоришҳои идораҳои ҷосусӣ ва маълумоти аввалияи истихборотӣ қарор доштааст.
ФБР бо ӯ дар тамос шудааст. Дар маводи додгоҳӣ гуфта мешавад, ки Латч давоми се рӯз маълумоти махфиро ба дафтарчае навишта баъдан онро дар як махфигоҳ дар ҳудуи боғе пинҳон кардааст. Латч гуфтааст, ки ин намунаи корест, ки ӯ ба ҷо оварда метавонад ва дар сурати ҳамкории бештар, ӯ иттилои фаровони дигареро ҳам бар ивази шаҳрвандӣ пешкаш хоҳад кард. Гумонбар гуфтааст, ки бовар надорад, ки «вазъ дар дарозмуддат беҳтар шавад».