Рӯзи 4 июн дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳо оид ба таъсиси фраксияҳои ҳизбӣ ва гуруҳи вакилони ғайриҳизбӣ ба тасвиб расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Шуҳрат Ғанизода, Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор дар парлумони Тоҷикистон гуфт, ки «дар асоси моддаҳои 52 ва 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 105-119 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ, ҳуқуқ доранд дар фраксияву гуруҳҳо муттаҳид шаванд».
Дар хабар омадааст, амалӣ гардидани институти фаъолияти фраксияҳои ҳизбӣ ва гурӯҳҳои вакилон «ба плюриализми сиёсӣ ва гуногунандешӣ шароит фароҳам оварда, нишонаи боэътимоди демократияи солим аст».
Ин бори аввал аст, ки дар парлумони Тоҷикистон як гуруҳи вакилони ғайриҳизбӣ таъсис мешавад.
Парлумони Тоҷикистонро барои набуди гуногунандешии воқеӣ, ҳизбҳои оппозитсионӣ ва қабули қарору қонунҳо бидуни ба чолиш кашидани онҳо бо дастур аз боло интиқод мекунанд. Ҳеҷ як интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар солҳои охирро САҲА ва дигар нозирони байналмилалӣ мутобиқ бо меъёрҳои интихоботи озоду одилона арзёбӣ накардааст.