Ҳалокати 5 нафар дар як садамаи нақлиётӣ дар Суғд

Акс аз бойгонӣ.

Бар асари бархӯрди ду мошини сабукрав дар ноҳияи Ҷаббори Расулови вилояти Суғд, панҷ нафар ҷон бохта, 4 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 29 май рух додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ронандаи мошини "Опел-Комбо" ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулхонаи ин ноҳия ба тарафи муқобили роҳ баромада, ба худрави "Опел-Зафира" бархӯрдааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа ҳар ду худрав оташ гирифта, ронанда ва се мусофири худрави "Опел-Зафира" ва ҳамчунин як мусофири "Опел-Комбо" дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.

Манбаъ афзуд, ки ронандаи худрави "Опел-Комбо" ва се мусофири "Опел-Зафира" бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуданд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Тақрибан ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ сокинон захмӣ ва ҳалок мешаванд.

Аз ҷумла, рӯзи 26-уми май дар пайи ба ҷарӣ сарозер шудани як мошин дар ноҳияи Варзоб, ду кас ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳафтаи гузашта як мошин дар ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд. Ду нафар аз мусофирон наҷот ёфтанд ва се нафар ҳанӯз нопадид ҳастанд.