Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои президенти Кумитаи миллии олимпии Арманистон Гагик Сарукян, ки дар шаҳри Ереван ҷараён дорад, барандаи медали нуқра шуд.
Комроншоҳ 7-уми июн дар рӯзи аввали мусобиқот дар самбои варзишӣ байни мардон, дар вазни 98 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт.
Аммо гуштигири 32-солаи тоҷик дар даври ниҳоӣ аз Максим Мерзлякови 21-солаи русиягӣ, ки дар ҳайати дастаи FIAS-1 (Федератсияи байналмилалии самбо) ҳунарнамоӣ кард, мағлуб шуд.
Комроншоҳи Устопириён моҳи октябри соли 2024 эълон кард, ки ба корномаи варзишиаш хотима медиҳад ва минбаъд ҳамчун мураббии ҷудо кор мекунад. Вале баъди ин Комроншоҳ дар чанд мусобиқа ширкат кард.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) дар ин мусобиқот зӯртарин варзишгарон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок доранд.
Мусобиқот миёни мардону занон дар риштаҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ аз рӯи 28 дараҷаи вазнҳо сурат гирифтааст.
Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 196 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои медали тилло дар ҳар як вазн 3000 USD, барои нишони нуқра 2000 USD ва барои нишони биринҷӣ 1000 USD супурда мешавад.
Ҷоми ҷаҳонӣ дар Ереван яке аз рӯйдодҳои асосии соли равон дар тақвими байналмилалии самбо мебошад.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот:
Самбои варзишӣ
Мардон
58 кг
1. Саргсян Карен (Арманистон)
2. Байрамов Бобомурод (Туркманистон)
3. Чидрашвили Вахтанги (Гурҷистон)
3. Купатадзе Иракли (Гурҷистон)
64 кг
1. Рашидов Аъзам (Узбекистон)
2. Бейсенбоев Жандос (Қазоқистон)
3. Давлатов Сафар (Туркманистон)
3. Пастернак Денис (FIAS-1)
71 кг
1. Наш Расул (FIAS-1)
2. Корнеев Андрей (FIAS-1)
3. Мукбаниани Авто (Гурҷистон)
3. Труш Роман (Украина)
79 кг
1. Затилкин Иля (FIAS-1)
2. Пахомов Иван (FIAS-1)
3. Шатверян Борис (Арманистон)
3. Харков Иван (Булғористон)
88 кг
1. Аратюнян Гор (Арманистон)
2. Суханов Денис (FIAS-1)
3. Дзаганишвили Бека (Гурҷистон)
3. Қурбонов Аслон (FIAS-1)
98 кг
1. Мерзляков Максим (FIAS-1)
2. Устопириён Комроншоҳ (Тоҷикистон)
3. Сидамонидзе Ника (Гурҷистон)
3. Нозадзе Мишико (Гурҷистон)
+98 кг
1. Брачев Антон (FIAS-1)
2. Познахирко Глеб (FIAS-1)
3. Моисеев Алексей (Украина)
3. Жупиков Иля (FIAS-2)