Кумитаи тафтишоти Русия аз рӯи қазияи рабоиши блогер дар Маскав парванда боз кард

Раёсати Кумитаи тафтишот дар шаҳри Маскав аз рӯи ҳодисаи рабоиши соҳибкор ва блогер Арег Шепихин дар маркази пойтахти Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора рӯзи 5 июн дафтари матбуоти ин идора хабар додааст. Чунин қарор бар асоси таҳқиқи наворҳои видеоии “амалҳои ғайриқонунии гурӯҳи нафарон” дар назди истгоҳи роҳи оҳани Ярославский қабул шуд.

Маълум нест, ки парванда аз рӯи кадом моддаи Кодекси ҷиноӣ боз шудааст. Кумитаи тафтишот гуфт, ки гумонбарон ба дафтари ин ниҳод дар шаҳри Маскав интиқол ва боздошт шудаанд.

Шепихинро рӯзи 3 июн рабуданд. Ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, ӯро дар назди истгоҳи роҳи оҳан боздошт намуда дар дохили бордони мошине, ки ба мақомоти Чеченистон рабт дода мешавад, ба ҷои номаълум бурданд.

Ҳодисаи одамрабоӣ ва беамалии полиси Русия дар муқобили гурӯҳе, ки ба ҳукумати Чеченистон рабт дорад, мавриди хашми бисёр корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Як намояндаи мақомоти Чеченистон рӯзи 4 июн гуфт, ки Арег Шепихин, ки дар бораи чеченҳову дини Ислом шарҳҳои тунде ба забон овардааст, “рабуда неву, боздошт шудааст”.

Баъди сару садои зиёд дар шабакаҳо, вазири сиёсати миллии Чеченистон Аҳмад Дудаев дар Телеграм навишт, ки ВКД Чеченистон аз рӯи як қатор иттиҳомҳо Шепихинро бозпурсӣ мекунад.

Ӯ афзуд, Шепихин “рабуда неву бо дасти кормандони сохторҳои ҳифзи қонун, ки бо идораҳои дахлдори Маскав ҳамкорӣ мекунанд, боздошт шудааст”. Ӯ гуфт, Шепихинро бар асоси “муқаррароти тафтишотӣ” ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб хоҳанд кард. Дар куҷо будани Шепихин маълум нест, вале Baza бо такя ба маълумоти худ навишт, ки ӯро латукӯб ва маҷбур карданд, ки дар навори видеоӣ узрхоҳӣ кунад ва соатҳои 12 шаби 3 июн озод карданд.

Телеграм-канал ВЧК-ОГПУ гуфт, ки «блогер бо кӯмаки Кремл ва муовини аввали ФСБ Сергей Королев» озод карда шуд. Тасдиқи дурустии ин иттило дар даст нест. ВКД-и Русия ин хабарро шарҳ надодааст.

Дар гузашта сохторҳои ҳифзи қонуни Чеченистон чандин бор даст ба рабоиши онҳое задаанд, ки дар Чеченистон зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аз ҷумла, бо чунин роҳ Седа Сулаймонова аз Петербург ва Зарема Мусоева аз Нижний Новгород рабуда шуда буданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мақоми чечен гуфт, Шепихин "рабуда не, боздошт шуд"Рамазон Қодиров ба оилаи ҳомии ҳуқуқ таҳдид кардШарҳи зиддунақизи мақомоти Чеченистон дар бораи рабоиши Тарамова