Дар Тоҷикистон зардолу ночида мепусад - таҳқиқ

Дар Тоҷикистон бо сабаби камбуди нирӯи корӣ дар чидани ҳосили зардолу як мушкили ҷиддӣ эҷод шудааст. Сомонаи таҳқиқотии мавзӯъҳои кишоварзӣ east-fruit.com менависад, соли 2025 бисёр хоҷагиҳои мевапарвар дар ин кишвар бо камбуди нирӯи корӣ рӯбарӯ шудаанд, ва дар натиҷа, меваи дарахтон ночида мепусад.

“Талаби пардохти баландтар барои кор, тақвияти қурби сомонӣ ва афзоиши нархи барқ содироти меваву сабзавотро аз Тоҷикистон ва ҳам истеҳсоли меваи хушкро дар ин кишвар бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст”, омадааст дар ин таҳқиқот.

“Имсол баъзе анвои меваву сабзавотро аслан ҷамъоварӣ карда наметавонанд ва ин мушкили хеле ҷиддӣ барои кишвари кишоварзии Тоҷикистон аст”, мегӯяд мақолаи ин сомона. Аз ҷумла, ба ин мушкил кишоварзони вилояти Суғд таъкид кардаанд.

“Барои чидани ҳосили олболу, зардолуи тезпаз ва пиёз имсол бо камбуди шадиди нирӯи корӣ рӯбарӯ шудем”, гуфтааст як кишоварз. Дигаре гуфтааст. “бисёр сокинони маҳаллӣ аз даромад дар Тоҷикистон розӣ нестанд ва муҳоҷирати корӣ дар Русияро авлотар медонанд”.

Аз беш аз 50 ҳазор гектар боғи зардолу дар вилояти Суғд ба ҳисоби миёна соле 100 ҳазор тонна ҳосил ба даст меояд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

СММ гуфтааст, амнияти ғизоии Тоҷикистон дар хатар аст"Моро маҷбур карданд, ки заминро ба чиниҳо диҳем""Аввал имкон диҳед, сипас талаб кунед." Кишти маҷбурии пахта дар Тоҷикистон"Об мерасад, вале на ба ҳама." Ҳаёти деҳқонони тоҷик дар соҳили дарёи Сир