"Падарамро мебинаму ҷигарам хун мешавад." Рӯзгори сахти кӯдакон дар ҳукумати Толибон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Коҳиши кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон, бадтар шудани аҳволи иқтисод, кӯдакони зиёдеро маҷбур кардааст, ки мактабро гузошта кор кунанд, то оилаашон гурусна намонад. Бино ба гузориши созмонҳои байналмилалӣ, бештар аз 25 дар сади кӯдакон дар Афғонистон кор мекунанд, то хонаводаашон як луқмаи нон дошта бошанду гурусна нахобанд.

Дар Афғонистони ҷангзада, ки гуруснагӣ ба мардум таҳдид мекунад, кӯдакони зиёде маҷбуранд, барои кӯмак ба оила корҳои сахту душворро ҳам анҷом диҳанд.

Иброҳим Муҳаммадии 11-сола аз Кобул оҳангарӣ мекунад, то барои оила андаке даромад биёрад. Иброҳим дар синфи 5 мехонад. Мегӯяд, "вақте падарамро мебинам, ҷигарам барояш хун мешавад. Барои ҳамин мо ҳам кор мекунем, ки як каме барояшон кӯмак шавад.”

Аҳли оилаи Иброҳим панҷ нафаранд, як хоҳару ду бародар дорад. Оҳангарӣ барои ин наврас кор душвор аст, вале ӯ чораи дигар надорад.

Иброҳим нақл мекунад, ки соати панҷуним аз хоб мехезад то барвақтар ба ҷойи кор расад.

"Вақте зиёд ангишт майда мекунем, дастҳо дард мекунанд, пойҳоям дард мекунанд, баъд як рӯз намеоям. Кӯдакони ҳамсину соли худро мебинам, ки кор намекунанд, мо ҳам мехоҳем, кор накунем, вале маҷбур ҳастем, ки кор кунем,"-мегӯяд Иброҳим.

Ба гуфтаи Созмони Милал, Афғонистони таҳти назорати “Толибон” дар панҷаи бӯҳрони амиқи гуруснагӣ аст. Тақрибан 80 дар сади аҳолӣ ва ё 30 миллион нафар ғизои дуруст намехӯранд. Аҳволи кишвару иқтисоди кишвар баъди бозгашти “Толибон” ба қудрат дар соли 2021 бадтар шуд ва теъдоди кӯдакони коргар мисли Иброҳимро дар Афғонстон зиёдтар кард.