Ҳукумати Душанбе ба чор ширкати мусофиркашонӣ квота ё иҷозаи таксиронӣ дар ҳудуди пойтахтро дода, шумораи таксиҳоро аз чор ҳазор ба 12 ҳазор боло бурдааст.
Дар санаде, ки рӯзи 2-юми июн аз ҷониби Раҳмиддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе имзо шудааст, ба ширкатҳои “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” иҷоза дода шудааст, ки ҳар кадоме 3000 мошинро барои мусофиркашонӣ истифода кунанд.
Дар ин санад номе аз 9 ширкати дигари таксиронӣ, мисли “Рахш-таксӣ” ва “Талко-Персия” зикр нашудааст. Дар гузашта ронандагони ин ширкатҳо шикоят карда буданд, ки нозирони роҳ дигар ба онҳо иҷозаи кор намедиҳанд ва барояшон мегӯянд, бо ширкати “Эко-Таксӣ” шартномаи ҳамкорӣ имзо кунанд.
Ҳукумати шаҳри Душанбе ба чор ширкати таксиронӣ, ки иҷозаи кор дар пойтахтро дарёфт кардаанд, дастур додааст, ки дар дохили мошинҳошон бо ҳадафи “таъмини бехатарии мусофирон” дурбинҳои назоратӣ насб кунанд.
Соҳибони чор ширкате, ки иҷозаи кор дарёфт кардаанд, маълум нестанд, вале баъзе манбаъҳо, аз ҷумла мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, мегӯянд, ҳамаи онҳо ба наздикони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла ширкатҳои бозмонда аз муҷтамаи машҳури "Фароз" тааллуқ доранд.
Сарнавишти ширкатҳои дигаре, ки ҳаққи кор дар пойтахтро надоранд, маълум нест, ки чӣ мешавад.