Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро дар меҳмонӣ муқобили мунтахаби Филиппин баргузор мекунад. Ин бозии гурӯҳи “А” 10-уми июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» соати 19 бо вақти маҳаллӣ (соати 16 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
Мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, дар арафаи бозӣ бо мунтахаби Филиппин дар нишасти матбуотӣ гуфт, “Мо мефаҳмем, ки бозӣ осон нахоҳад буд. Дастаи Филиппин рақиби хубест, ки қодир аст барои ҳар даста мушкилӣ эҷод кунад. Мо омодагии хеле хуб дидем, аввал дар Қатар, баъд дар Камбоҷа ва марҳилаи сеюми омодагӣ аллакай инҷо, дар Филиппин, сипарӣ шуд. Ҷиҳатҳои қавӣ ва заъфи ҳарифро таҳлил кардем. Бозигарони мо аҳамияти вохӯриро мефаҳманд. Даста ба пуррагӣ таваҷҷуҳи худро ба ин рақобат равона кардааст. Танҳо барои пирӯзӣ бозӣ хоҳем кард. Умедворем, ки бо натиҷаи хуб мухлисони худро шод менамоем.”
Дар нишасти матбуотӣ, дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов аз интизориҳои худ ва омодагии даста ҳарф зад. Вай гуфт, “мо мефаҳмем, ки дар меҳмонӣ натиҷаи мусбат ба даст овардан то чӣ андоза муҳим аст. Бозигарони мо солиманд ва барои рақобат омодаанд. Мо то дақиқаи охирин, то садои ҳуштаки ниҳоӣ, дар майдон мубориза мебарем.”
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври якуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Таркиби гурӯҳҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027:
Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Филиппин, Молдив, Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи «В»: Лубнон, Яман, Бутан, Бруней.
Гурӯҳи «С»: Ҳиндустон, Ҳонконг, Сингапур, Бангладеш.
Гурӯҳи «D»: Тайланд, Туркманистон, Тайбейи Чин, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «E»: Сурия, Афғонистон, Мянмар, Покистон.
Гурӯҳи «F»: Ветнам, Малайзия, Непал, Лаос.
Тақвими бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:
Даври якум
Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ – 1:0
Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 3
25-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8520 тамошобин.
Филиппин – Молдив - 4:1
Голҳо: Ҷефферсон Табинас, 6 (1:0), Бҷом Кристенсен, 19 (2:0), Алӣ Фасир, 62 (2:1), Ренди Шнейдер, 62 (3:1), Сандро Рейис, 90+2 (4:1)
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1 | ФИЛИППИН | 1 | 1 | 0 | 0 | 4-1 | 3 |
2 | ТОҶИКИСТОН | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
3 | ТИМОРИ ШАРҚӢ | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
4 | МОЛДИВ | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-4 | 0 |
Даври дуюм
10 июни 2025 (сешанбе)
Филиппин - Тоҷикистон
Тимори Шарқӣ - Молдив
Даври сеюм
9 октябри 2025 (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Молдив
Тимори Шарқӣ - Филиппин
Даври чорум
14 октябри 2025 (сешанбе)
Молдив - Тоҷикистон
Филиппин – Тимори Шарқӣ
Даври панҷум
16 ноябри 2025 (сешанбе)
Тимори Шарқӣ - Тоҷикистон
Молдив - Филиппин
Даври шашум
31 марти 2026 (сешанбе)
Тоҷикистон – Филиппин
Молдив - Тимори Шарқӣ