Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими ҷавонони Тоҷикистон бо Афғонистону Қирғизистон бозӣ мекунад


Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20), ки аз 10-ум то 17-уми июн дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода баргузор мешавад, муайян шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бар асоси қуръакашии мусобиқот мунтахаби ҷавонони то 18-солаи кишвар дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Афғонистон (10-уми июн) ва Қирғизистон (14-уми июн) бозӣ мекунад.

Дар гурӯҳи «В» тимҳои ҷавонони Эрон, Узбекистон ва Туркманистон рақобат хоҳанд кард.

Бозиҳои мусобиқот дар ду варзишгоҳ – Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода - баргузор мешаванд.

Тибқи низомномаи мусобиқот дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, дар бозӣ барои ҷойи сеюм рӯбарӯ хоҳанд шуд. Инчунин барои ҷойҳои панҷуму шашум бозии тасаллобахш баргузор мешавад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA U-20

Гурӯҳи «А»

Тоҷикистон

Қирғизистон

Афғонистон

Гурӯҳи «В»

Эрон

Узбекистон

Туркманистон

Даври 1-ум

10-уми июн (сешанбе)

17:00 – Туркманистон - Эрон

21:00 – Афғонистон - Тоҷикистон

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм

12-уми июн (панҷшанбе)

17:00 – Қирғизистон - Афғонистон

21:00 – Узбекистон - Туркманистон

Турсунзода, варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”

Даври 3-юм

14-уми июн (шанбе)

17:00 – Эрон - Узбекистон

21:00 – Тоҷикистон - Қирғизистон

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Бояд гуфт, ки асоси дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) аз бозигарони мунтахаби наврасони кишвар (U-17) иборат аст, ки моҳи ноябр дар Ҷоми ҷаҳон-2025 ширкат мекунанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3-юм то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Марко Раҷини гуфт, «бовар дорам, ки дастаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон ба сатҳи баланд мебарояд ва бачаҳои мо боз моро ба ҳайрат меоранд.”

Бояд зикр намуд, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат карда буданд.

XS
SM
MD
LG